Имрӯз зодрӯзи шахсияти донишманду ватандӯст, ҷавони фидокору меҳнатдӯст, роҳбари муваффақи шабакаи супермаркетҳои “Ёвар” - Асадулло Раҳмонов аст.
Бо ин фурсати муборак, Шуморо самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, баракат, равнақи кор, саодати рӯзгор ва илҳоми бепоён орзу менамоем. Кори Шумо на танҳо муваффақият дар тиҷорат, балки хидмат ба ҷомеа, дастгирии мардум ва намунаи ватандӯстӣ аст.
Шумо бо дониш, заҳмат ва садоқат нишон додед, ки як ҷавони тоҷик метавонад дар Ватан бимонад, созад ва мардумашро ёвар бошад, чуноне ки номи ширкати Шумо аст.
Бигузор ин зодрӯз оғози як соли пурбору пуразму бошад. Зиндагиятон пур аз рӯшноӣ, дилатон пур аз оромӣ ва саъйи Шумо ҳамеша бо муваффақият ҷавоб бигирад!
Зодрӯз муборак, Асадуллоҷон!
Бо Эхтиром: ҶДММ "Дастрасони Кулоб"




