Добавить объявление
Меню
Блог Магазины Поиск на карте Служба доставки курьером
Категории
Недвижимость ...0 Транспорт ...0 Для Бизнеса ...0 Услуги ...0 Детские товары ...0 Электроника ...0 Мода и стиль ...0 Красота и здоровье ...0 Хобби и развлечения ...0 Спорт и отдых ...0 Для дома и дачи ...0 Животные ...0 Стройматериалы и инструменты ...0 Хэндмейд ...0 Вакансии ...0
Недвижимость
Транспорт
Для Бизнеса
Услуги
Детские товары
Электроника
Мода и стиль
Красота и здоровье
Хобби и развлечения
Спорт и отдых
Для дома и дачи
Животные
Стройматериалы и инструменты
Хэндмейд
Вакансии

СУХАНРОНИИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР ДАР ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ, (АВВАЛИН БОЗИИ ДАСТАИ ХОНАГИИ РАВШАНИ КӮЛОБ

24 апреля 2022 135

СУХАНРОНИИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР ДАР ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ, (АВВАЛИН БОЗИИ ДАСТАИ ХОНАГИИ РАВШАНИ КӮЛОБ

Ҳозирини гиромӣ, ҷавонони саодатманди кишвар!

Боиси ифтихори мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоби бостонӣ мебошад, ки дар чорабинии имрӯзаи мо дар доираи сиёсати ғамхорона ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фестивали ҷавонони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” ҷавонони саодатманди кишвар аз вилоятҳои Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриамон иштирок доранд, ки аз номи худ ва тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯза Шумоён меҳмонони олиқадрро ба хонаи худатон, яъне шаҳри Кӯлоби Бостонӣ хуш омадед мегӯем.

Ҳамаи мову шумо воқиф ҳастем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду густариши варзиш, алалхусус, варзиши рақами 1-и сайёра яъне футбол аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин баробар ба хотири рушду равнақи ин намуди варзиш, дарёфти чеҳраҳои нав, мутобиқ гардонидани иншооти таъиноташон варзишӣ ва дастгирии дастаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат як зумра барномаҳои давлатиро амалӣ намуда истодааст.

Меҳмонони азиз ва мухлисони бешумори дастаи овозадори Равшани Кӯлоб!

Оғози мавсими нави футбол, 31-умин Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олиро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, ба дастаи дӯстдошаи мову шумо Равшани шаҳри Кӯлоб ва инчунин ба дигар дастаҳои мамлакат, ки дар Лигаи олӣ майдондорӣ менамоянд, барору комёбӣ таманно дорем.

Мо дар оғози соли ҷорӣ бо намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи дастаи Равшани шаҳри Кӯлоб, рушди футбол миёни кӯдакону наврасон ва бонувону собиқадорон вохӯрии корӣ гузаронидем.

Дар ин баробар Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли ҷорӣ тасмим гирифтааст, ки дар якҷоягӣ бо сарпарасти асосии Равшани шаҳри Кӯлоб, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ҳочӣ-Шариф” дастаро аз ҷиҳати молиявӣ пурра дастгирӣ намуда, фаъолияти босамари онро миёни дигар дастаҳо таъмин намоянд.

Тавре, ки мову Шумо шоҳид ҳастем, имрӯз аввалин бозии хонагии дастаи Равшан дар мавсими нави футбол бо дастаи ҳамном Равшани ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд баргузор мешавад, ки ба ҳарду даста бозии хуб ва барор хоҳонем!

Зимнан аз фурсати бисёр муносиб ба мухлисони Дастаи Равшани шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуда иброз медорам, ки пеш аз ҳама чӣ дар бозиҳои хонагӣ ва ҳам дар бозиҳои сафарӣ ба дастаи дӯстдоштаи худ мухлисӣ намуда бо одоби баланду рафтори ҷавонмардона намунаи ибрати дигарон бошанд. Новобаста аз натиҷаи ҳар як бозӣ, мо бояд муттаҳид бошему нагузорем, ки ягон нохалафе ниятҳои нопоки худро дар байни мухлисон ба ҳадафи паст задани шаъну шарафи Кулоби бостонӣ амалӣ созад.

Ба қавли дигар аз зумраи он мухлисоне бошем, ки дар бурду бохти даста бо рафтори намунавӣ дастгири футболи худ бошем. Аз ҳайати дастаи Равшан ва ситоди мураббиён талаб карда мешавад, ки дар ҳама майдондориҳо бозии зебову маҷаллоро барои мо мухлисон нишон диҳанд.

Бо ин ниятҳои нек бори дигар мавсими нави футболро ба кули дӯстдорони ин риштаи варзиш табрику муборакбод намуда хоҳони он ҳастам, ки футболи тоҷик ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта мухлисону ҳаводорони худро бо бозиҳои ҷолибу ҷаззоб хушҳол гардонанд. — с Шамсиддином Абдуллоевым

Комментарии

Этот Сайт использует файлы cookies для более удобной работы пользователей с ним. Продолжая любое дальнейшее использование Сайта, Вы соглашаетесь с этим. Более подробная информация доступна в Политики использования cookie

Понятно
Аукцион завершен
минут
секунд
Выбрано
Добавить
Аукцион завершен
Скрыть параметры
Все параметры
Вы действительно хотите удалить страницу?