“Иқдоми ғайримақсаднок”. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз кӯшиши баланд бардоштани нархи тарифҳои мобилӣ изҳори нигаронӣ намуд
❗️Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз иқдоми беасоси ширкатҳои мобилӣ барои боло бурдани қимати тарофаҳо изҳори нигаронӣ ва норозигӣ кард.
⚡️Дар изҳорот Хадамоти мазкур қайд мекунад, ки қарори мазкур ба раванди беҳбуди сифати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва коҳиши арзиши онҳо халал мерасонад ва ба вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии мамлакат низ таъсири манфӣ мерасонад.
⚡️“Бо вуҷуди ин, ҳоло баъзе операторони алоқаи барқӣ дубора талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита нархи хидматрасониҳои алоқаи мобилиро баланд намоянд. Бинобар ин Хадамоти алоқа ба мавқеи қаблан изҳоршудаи худ таъкиди ҷиддӣ намуда, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок меҳисобад”, - қайд мешавад дар изҳорот.
✅ Хадамоти алоқа инчунин аз мақомоти дахлдор хоҳиш мекунад, ки ба чунин қарорҳои хилофи хоҳиш ва ниёзҳои иқтисодии ҷомеа ва ташаббуси ҳукумат, ки ба коҳиши арзиши хадамоти алоқаи мобилӣ ва баланд бардоштани сифати алоқаи электронӣ нигаронида шудааст, баҳо диҳанд.
⚡️Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи охир шаҳрвандони кишвар аз якбора баланд бардоштани нархи тарифҳои операторони мобилӣ шикоят намуда, изҳори нигаронӣ намуданд.
📸: www.kulob.online